Аз парешоне агар ҳосил шавад комам равост
Дар хами зулфати диламро шона миҳроб дуост
Гарчи дасти кӯтаҳам бегонааст аз гарданат
Ҳимматӣ дорам ки бо сарв баландат ошност
МеРом аз ғайрат чу чашми ҳасратам дар бар кашад
Хоки роҳатро ки чашми тўтёро тўтёст
Даст дар зулф ту дорам чун тавонам буд амн ?
Бар танам ҳар тори пероҳан ба ҷой аждаҳост
Мардум чашмам парешонанд аз бе тоқатӣ
То диламро даст бетобӣ дар он зулфи дўтост
Бо хаёли хоки поят улфатӣ дорад аз он
Мардуми чашми марои сад чашми ҳасрат дар қафост