Боғӣ ки гулаши бӯи надиҳад ишқ муҷозаст

Тухмӣ ки касаш барнахурад , ашк ниёзаст

Хорӣу азизӣ ба ҳам омехта дар ишқ

Ҳргоми дарин бодияи сад шеб ва фарозаст

Дар ишқ , бало май супурди даст ба дастам

Аз бута чу зар боз раҳад дар дам газаст

Нармӣу дуруштии з касе чашм надорам

Гар сулҳ пазираст , вагар арбада созаст

Сар бар назд аз нози зи гулгашти муродам

Зон рӯз ки тухми амлм ашк ниёзаст

Бе ҷозибаи ишқ ба манзил натавон рафт

Гар роҳи харобот , вагар роҳ ҳиҷозаст

Ишқат ба дили гир ва мусулмон зада оташ

Ҷавлонии ҳасанати ҳамаи ҷо дар так ва тозаст

Мурғи дили Маҳмӯд ҳануз аз асари ишқ

Парвонаи фонӯси сар хок Аёзаст

Огоҳии дилро набарди ғифлати зоҳир

Дар хоби ним гарчи маро дида фарозаст

Қудсии сухани ман ҳамаи ҷои офати ман буд

Чун шамъ ки аз чарби забонӣ ба гудозаст