Кушодии туррау машки хутани сӯхт
Ниқоб аз рух фикандӣу чамани сӯхт
Асирони ғаматро оташи ишқ
Чу тори шамъ дар як перҳани сӯхт
Нишастӣ бо рақиб ва ман кабобам
Задӣ оташ ба ғайру ҷони ман сӯхт
Нагаштам ошнои каси зи меҳрат
Марои доғи ғарибӣ дар ватани сӯхт
Баромади дӯд аз ҷони Зулайхо
Магари ёқӯб дар байти алҳзни сӯхт ?
Надорад бар ҷигар чун лолаи доғӣ
Дилам бар ҳоли барги Настарани сӯхт
Ба аҳди устувори хеши нозам
Ки чун қудсии диламро дар кафани сӯхт