зи нақши кӣна чу покаст лавҳи синаи мо
Ба дӯстӣ ки ту ҳам дил башу зи кӣнаи мо
зи хираи чашмии худ сӯхтам ки ёри имрӯз
Ҳануз дар Ироқаст аз нигоҳи дайнаи мо
зи иштиёқи хаданги ту баъди мурдани ҳам
Шавад нишонаи тири устихони синаи мо
Бало буд дили осӯдаи дард ишқ куҷост
Ки санг тоза кунад аҳди обгинаи мо
Умеди хуши дилӣ аз мо мҷўӣ эй ҳамдам
Ки ишқ дода ба тӯфони ғами сафинаи мо
Тавонгарем зи асбоби ғами чунон қудсӣ
Ки рӯзгор буд муфлис аз қаринаи мо