Ғайр аз шикани турра ба ҷое гузарам нест

Ҷузи кунҷи қафаси роҳ ба ҷой дигарам нест

Чун ғунча пажмурдааму лола бе ранг

Зон рӯз ки ғам дар дилу хӯн дар ҷигарам нест

Ман буии гул аз доғи дил хеш шунидам

Ҳоҷат ба мададкории бод саҳарам нест

Бар оташ май бас ки назар дӯхтаам дӯш

Имрӯз чу соғари мижа дар чашм терм нест

Тарсами дгарӣ чун ту даройад ба хаёлам

Дар пеши ту бар оина зон рӯ назарам нест

Кӯтаҳ накунам дасти дил аз шохи таманно

Умед хазон ҳаст , чаҳ шудгар самарам нест