Бозоӣ ки синаам кабоб аст

Бе рӯй ту ҳоли дил хароб аст

Дилгармии ман з дидан туаст

Ин оинаи рӯ бар офтоб аст

Ҳар гӯшаи чашми фитнаи борат

Тӯфони киришма ва итоб аст

Минои дилами пай шикастан

Ҳам байъати шиша ҳубоб аст

Ҳаргизи дилам аз тапиш нёсуд

Симоби тилисм изтироб аст

Пайдост зи шоми турраи ту

Субҳӣ ки саросар офтоб аст

Аз пардаи чашми ман зи мардум

То нақши паии ту дар ниқоб аст