Ҳануз чашми умедам ба раҳгузорӣ ҳаст
Ҳануз гӯнаи зарди маро ғуборӣ ҳаст
Наме занами мижа бар икдгри зи ҳайронӣ
Ҳануз чашми марои дард интизорӣ ҳаст
Ҳазар накард зи оҳами сипеҳру ғофил аз ин
Ки дар миёнаи ин гирди ҳам саворӣ ҳаст
Маро чу ҳодисаи махсӯс гашт донистам
Ки рӯзгори маро аз ман эътиборӣ ҳаст
зи дидаи хӯни дилам ҷӯш мезанад имшаб
Магар бар он сари кӯи чашми ашк борӣ ҳаст ?
Насиби мо ки дарин гулшан ошён дорем
Агарчӣ хирман гул нест , мушт хорӣ ҳаст
зи мавҷи хези муҳаббати буруни Марви қудсӣ
Ба хаси гузори дарин баҳр агар канорӣ ҳаст