Чу омад сӯии боғи осифи обод

Сулаймони малики худро рӯнамо дод

Ба обаш , оби замзам чун ситезад ?

Ки ин аз чашма , он аз чоҳи хезад

Қарин май гашт бо ин чашма , замзам

Агар май буд дар Кашмӣр , он ҳам

намебошад гуворотар азин об

Навиштаи Хизр , сад маҳзари дарин боб

Ба софӣ , софтар аз моҳ бе меғ

Гарави барда ба сардӣ аз дами теғ

Ба дили файз равонӣ ме чашонд

Ки дар софӣ ба шеър соф монад

Занад чун чашмаи ҷӯш аз сардии об

Намонад бар фалаки хуршедро тоб

з ошомидан ин рашки кавсар

Буд ҳар гом , хзрободи дигар

зи машриқ то ба мағрибгар шитобӣ

Чунин сарчашмае , дигар наёбӣ

Буд сарчашмаи таснӣму кавсар

зи файзи боғи ризвони тоза ва тар

Ҳамин обаст оби зиндагонӣ

Бирав аз Хизр бишинав гар ндонӣ

Дарин чашмаи намояди акси зангӣ

Чу дар ойӣнаҳо акси фарангӣ

Буд бар хоки ҳайфи ин рашки замзам

Ба рӯй сабза май зайд чу шабнам

Шабами равшан буд зини чашмаи об

Ба бар гӯи тирагиро гирди маҳтоб

зи шавқаши чашмасор кӯҳи алванд

Расонади ашки ҳасрат то дамованд

зи шармаши оби ҳайвонро ҷабин тар

Диҳад боҷи гўороииш , кавсар

Буд барандатар аз оби шамшер

Махӯр ин об то аз нони шӯии сайр

Набошад ҳеҷ кас бе баҳраи зини об

Биёи гӯи слсбил ва файз дарёб

Буд барандагии сари хайли фавҷаш

Бар ин бурҳони қотеъи теғи мавҷаш