Буд бурҷӣ ба боғи шоҳзода

Ки бо қрдш буд гардуни пиёда

На бурҷаст ин ба гардун саркашеда

Арӯси малик , гардан баркашида

Фазои олами қудс аз ҳавояш

Қарори рубъи маскӯн аз баннояш

Фалак дар сояаш то орамида

Дигар рӯй ҳаводисро надида

Набошад аршро афзӯни зи як соқ

Ба яктое азон ин бурҷ шуд тоқ

Гулаш чун аз таҷаллии брФрўзд

Сапанди оради чароғи тавру сӯзад

Баҳори сад чаманро даршикастанад

Ки як шохи гули ин ҷои нақши бастанд

Чанор аз ҳасани болодасти худ шод

Ки бошад зери дасташи сарву шамшод

Насимаш дар бағалгирӣ чу кӯшад

Гулоб аз ғунча чун фаввора ҷӯшад

Ирам дорад дарин гулшани таманно

Ки дар чашм тамошое кунад ҷо

Дил маҷнӯн шуд аз бедаши тасаллӣ

Ки дорад беди маҷнӯн , ҳасани Лайлӣ

Кабӯдии ёсуманро ме фишорад

Хаёлашро ки дар бар танг дорад ?

Баланди ахтари зи сурӯш , сарфарозӣ

Мадори сунбулаш бар нофа созӣ

Фароғатро дарин гулшан камӣ нест

Ғамии дигар ба ғайр аз беғамӣ нест

Тариқи мадҳи ин гулшан надонам

Ки дар васфаш буд оҷизи забонам

Баҳории ин чунин , ҷой дигар кӯ ?

Ба қадари сайри ин гулшан , назари кӯ ?