Ғами ишқи ту дар ҳар ҷо ки муҳкам мекунад по ро

Буд аввали ҳикояти ин ки ҷон холӣ кунад ҷо ро

Ба ҷои лолау гули дидаи пурхӯн бурун ҷӯшад

Бути ман бар замин ҳарҷо гузорад он кафи по ро

Яке аз рутбаи эъҷози ишқ инаст хубон ро

Ки тифлӣ метавонад кард кори сад масеҳо ро