Ин раҳ ки ту сар кардае аз мағрурӣ

Мушкил ки наҷот бахшадат аз даврӣ

Чун шоми асал , тамом чоҳаст ин роҳ

Пӯшидаи сараш ба пардаи занбӯрӣ