Зулфи сунбули магар имрӯз битобӣ дигар аст

Дар рухи лолау гули равнақу обӣ дигар аст

Дар чаман буд ҳамаи рӯзи тарашшӯҳи зи саҳоб

Магари имрӯзи тарашшӯҳи зи саҳобй дигар аст

Бар сари ҷӯйу лаби об буд мавҷу ҳубоб

Низ дар соғар май мавҷу ҳубобӣ дигар аст

Мутриб оварда басии зарби боҳнги рубоб

Нағмаи мурғи саҳари чангу рубобӣ дигар аст

Дили соҳиби назару наргиси масти ту хароб

Зер ҳар шохаи гули масту харобӣ дигар аст

Чашми махмури туро бо лаби хомӯши ҳабиб

Ҳрдм аз лутфи суолӣу ҷавобӣ дигар аст

Мечакад аз варақи ғунчаи ншгФтаҳи гулоб

Дар рухи ёр ки хуй карда гулобӣ дигар аст

Домани дашт ва чаман гашта пар аз дар хўшоб

Дарҷи ёқӯти туро дар хўшобӣ дигар аст

Бо ҳамаи длшдгон гарчи итобасту хитоб

Бо ман хастаи итобӣу хитобӣ дигар аст

Бо лаъиби лаъл ту дорам бикии бӯсаи ҳисоб

Бо руху зулфи туами бози ҳисобӣ дигар аст

Бадви бӯса ки бмн додӣ кардӣ ду савоб

Ба канори ой ки ин низ савоб дигар аст

Мо ки дар мадриса хондем басии илми вктоб

Дафтари ишқ батон низ китобӣ дигар аст

Гарчи лабрез шаробаст қадаҳҳои булӯр

Дар қадаҳҳои гулу лолаи шаробӣ дигар аст

Лаби маъшӯқ ва май аз дасти бтсўири азоб

Натавон дод ки ин низ азобӣ дигар аст

Аз кафи дӯсти гирифтеми басии бодаи ноб

Лек дар лаъли лабаши бода нобедигар аст

Ринду зоҳиди ҳама дар мастӣ хобанду хаёл

Ин бихобӣ дигар он низ бихобӣ дигар аст