Бахт агар ёрӣ кунад дилдор дилдорӣ кунад

Навбат гулшан расад гулзор гулзорӣ кунад

Саҳл бошад меҳнат аз ҷаври рақибу даври чарх

Шохи гулбуни гул бар оради хорогар хорӣ кунад

Базми ъушрат гарм гардад , хӯн ток ояд Биҷӯш

Бода сармастӣ диҳад паймона саршорӣ кунад

Турраи маъшӯқи мо гар шуд парешон бок нест

Ҷамъи дилро дар парешоне нигаҳдорӣ кунад

Наргиси дилдори мо ранҷур ва бемораст лек

Дардмандонро ба беморӣ парасторӣ кунад

Куфру трсоӣигар ин бошад ки кор зулф ӯст

Каъба майхона шавад тасбеҳ зуннорӣ кунад