Дишаби муғӣ аз хонаи хумори баромад

Бо соғару паймонаи саршори баромад

Бо зулфи парешони бадали бодаи фурӯашон

Чангӣ зад ва ин нағмааш аз тори баромад

Омад маи хурдоду гул аз хор бар омад

Коми дили ёрони зи лаби ёр бар омад

Дар кӯии ман имсоли аҷаб фасл баҳорӣаст

Каши лолау гул аз дарави девор бар омад

Он шайх ки сари ҳалқаи арбоби вараъ буд

Дидем ки риндии аҷаб аз кор бар омад

Дар печу хами ҳалқаи гесуӣ батон рафт

Ҳар илму ҳунар каз хами дастор бар омад

Як ҳалқа аз ин ришта тасбеҳ гушӯдем

Дидем ки сад ҳалқаи зуннори баромад

Дебочаи авроқи адӣбони ҷаҳони гашт

Ҳар нукта каз ин дафтари асрор бар омад