Гавҳари худро ҳувайдо кун камол инасту бас
Хешро дар хеш пайдо кун камол инасту бас
Санги дилро серума кун дар Осиёи ранҷу дард
Дидаро зини серума бино кун камол инасту бас
Ҳам нишинӣ бо худои хоҳӣ агар дар арши раб
Дар даруни аҳли дил ҷо кун камол инасту бас
Ҳар ду оламро баномати як муаммо карда анд
эй писари ҳал муаммо кун камол инасту бас
Дил чу санг хора шуд эй пӯри умрон бо Асо
Чашмаҳо зини санг хоро кун камол инасту бас
Панд ман бишинав биҷуз бо нафас шавам бади сиришт
Бо ҳамаи олам мудоро кун камол инасту бас
эй муаллими зода аз одам агар дории нажод
Чун падари таълим асмо кун камол инасту бас
Чанд мигўӣии сухан аз дарду ранҷи дигарон
Хешро аввал мудово кун камол инасту бас
Сӯии қофи нестӣ парвоз кун бепару бол
Бе муҳобои сайд анқо кун камол инасту бас
Чун бадасти хештани бастии ту пои хештан
Ҳам бадасти хештани вокни камол инасту бас
Кӯрии чашми адуро рӯй дар рӯй ҳабиб
Хоки раҳ бар фарқ аъдо кун камол инасту бас