Дар равад Канги дарраи танагӣ гирифта ем

Бар тарафи кӯҳ , ғори палангӣ гирифта ем

Дар ҳам кашида рӯй зи сангини дилони шаҳр

Кунҷи диҳӣу гӯшаи сангӣ гирифта ем

Рухшанда гавҳарем ки андари даруни санг

Аз тоби меҳр , обӣу рангӣ гирифта ем

Софӣ дилем чун хаму равшани равон чу ҷом

Бар рӯй агар чу оина , зангӣ гирифта ем