Ҷону танро ба ишқ савдо кун
Мо ва манро ба ишқ савдо кун
Зинда бе ишқи мурда дар кафанӣ
Ин кафанро ба ишқ савдо кун
Ҷон чу Юсуф ба тан чу пероҳан
Перҳанро ба ишқ савдо кун
Ҷони сулаймону тан чу аҳрӣман
Аҳриманро ба ишқ савдо кун
Ҷон чу мӯрасту тан ба сони лаган
Ин лаганро ба ишқ савдо кун
Ишқ чун бозу ақл чун заған аст
Ин зағанро ба ишқ савдо кун
Ақл бар пои ишқ чун расан аст
Ин расанро ба ишқ савдо кун
Ишқ чун рӯҳу ақл чун бадан аст
Ин баданро ба ишқ савдо кун