Ид шуд бода муғона бизан

Бода бо чанг ва бо чғонаҳ бизан

Қадам аз саҳни хона то лаби бом

Бунау табл шодӣона бизан

Шаб идаст то саҳари хўшбош

Бодау чангро шабона бизан

Дасти афшону пои кӯбони шӯ

Ҳаии лагад бар сар замона бизан

Бо ҷавони бахти ёри ширини табъ

Бодаи талхро ҷавона бизан

Кӯс айшаст бар сари бозор

Ту қадаҳ дар дарун хона бизан

Бо бутии сарви қади камони абрӯ

Тирро рост бар нишона бизан

Танг чун перҳанаш дар бар гир

Чанг дар туррааш чу шона бизан