Имрӯзи амир дар майхонаи туе ту
Фарёдраси нолаи мастонаи туе ту
Мурғи дили моро ки ба кас ром нагардад
Ороми туе , доми туе , донаи туе ту
Он меҳри дурахшон ки ба ҳар субҳ диҳад тоб
Аз равзани ин хона ба кошона , туе ту
Он вирд ки зоҳид ба ҳамаи шому саҳаргоҳ
Бишуморад бо сбҳаҳи сад дона , туе ту
Он бод ки шоҳид ба хароботи Муғон низ
Паймӯда ба ҷому хаму майхона , туе ту
Он ғул ки зи занҷири сар зулф ниҳоданд
Бар пои дили оқилу девона , туе ту
Вайрона буд ҳар ду ҷаҳон назд хирадманд
Ганҷӣ ки ниҳонаст ба вайрона , туе ту
Дар каъбау бтхонаҳи бгштими басии мо
Дидем ки дар каъбау бтхонаҳи туе ту
Он роз наоне ки ба сад дафтари дониш
Бисёр аз ӯ гуфта шуд афсона , туе ту
Бисёр бигӯем ва чаҳ бисёр бигуфтем
Кас нест ба ғайр аз ту дар ин хонаи туе ту
Як ҳиммати мардона дар ин кох надидем
Онро ки буд ҳиммати мардона , туе ту