Мабар дар пеши зоҳиди номи бода
Сари зоҳиди фидои ҷоми бода
Амон аз субҳи рӯзи афрӯзи саҳбо
Фиғон аз шоми айши анҷоми бода
зи гуфтанҳо бе пурвои саҳбо
зи хуфтанҳои бе ҳангоми бода
Хушо бедории шабҳои мастӣ
Хушо махмурии айёми бода
зи нӯшин хобҳои субҳи мастӣ
зи ширини базлаҳои шоми бода
Раманда оҳӯон дидам ки бидом
Шуданд аз ним ҷуръаи роми бода
Басои далқи муламмаъи шайху зоҳид
Гарав биниҳода андари воми бода
Басои донишвари оқил ки ногоҳ
Шудаи девон аз сари соми бода
Кунун каз ҷоми бода лаб нашуд тар
Димоғӣ тар кунем аз номи бода