Малики таслиму ризои давлат даравишон аст

Кисвати фақру фанои халъат даравишон аст

Қисмати Подшаҳони симу зару тоҷу камар

Ранҷу андӯҳу бало , қисмат даравишон аст

Навбати Подшаҳони дабдабаи кӯсу дуҳул

Бонги мурғони саҳари навбат даравишон аст

Сабри Айюб ва балоҳо ки биъқўб расед

Достонии зғму меҳнат даравишон аст

Хирқаи сабзи мураққаъ ки бад-ӣни зеб ва зё аст

Бар сарви дӯши фалак , кисват даравишон аст

Ҷайби гардун ки пар аз риштаи ёқӯту гуҳар

Аҷр ва муздӣаст ки дар хизмат даравишон аст

Кунҷи азлат ки наёбанд бадви ҳаргизи роҳ

Подшоҳони ҷаҳон , хилват даравишон аст

Чун ба банданд аз ин дори фанои бори раҳил

Вақти осӯдагӣу роҳат даравишон аст

Гар насаби Подшаҳони рости зи ҷамшеду Қубод

Қул ҳўи аллоҳи аҳади нисбат даравишон аст

Ҳараму дайр ки дар кеши мусулмону кишӣш

Шуд чунин муҳтарам , аз ҳурмат даравишон аст

Маснади боди сабои бандагии деву парӣ

Мухтасари қиссае аз ҳишмат даравишон аст