Дар миёни ошиқу маъшӯқи розӣ дигар аст
Ин лаб ва он гӯшро созу навозӣ дигар аст
Аҳли сӯрат аз Ироқ оянд то сӯии ҳиҷоз
Аҳли маъниро ироқӣу ҳиҷозӣ дигар аст
Қиблаи ҳақу ҳақиқат ишқ бошад ишқу бас
Зуҳду илму маърифат ҳар як маҷозӣ дигар аст
Минўозди ошиқонрогар шукр ханд лабаш
Ишваи чашми хушаши ошиқи навозӣ дигар аст
Ишқ бепарво агар пари сӯхти сад парвона ро
Шамъро бингар ки дар сӯзу гудозӣ дигар аст
Масҷиди ақсо буд дил , каъбаи ҷони ошиқон
Сӯии ин каъба дар ин масҷиди намозӣ дигар аст
намерасад ҳрдми зи ҳрсўи корвонҳои ниёз
Ҳар нафаси маъшӯқи моро низ нозӣ дигар аст