Гар худои сипеҳри ёр ман аст

Сайри гардун ба ихтиёр ман аст

Ёрӣ аз бандагон наме хоҳам

Гар худовандгори ёр ман аст

Осмону замину ҷину малик

Ҳамаи махлуқи кирдигор ман аст

Гар саги боргоҳ ҳақ бошам

Шарзаи шери фалак , шикор ман аст

Аз сагам низ кам бқимт хон

Гар саги нафаси дун , савор ман аст