Гарчи бар воъизи шаҳри ин сухан осон нашавад

То риёи варзаду солус мусулмон нашавад

Риндӣ омӯз ва карам кун ки на чандон ҳунар аст

Ҳайвонӣ ки нанӯшад май ва инсон нашавад

Гавҳари пок бибояд ки шавад қобили файз

Вар на ҳар сангу гулӣ , лؤлؤ ва марҷон нашавад

Исми аъзами бикунади кори худ эй дил , хуш бош

Ки ба талбису ҳиял , дев мусулмон нашавад

Ишқ май варзаму умед ки ин фани шариф

Чун ҳунарҳои дигар мӯҷиб ҳурмон нашавад

Дӯш мегуфт ки фардо бидиҳам коми дилат

Сабабии сози худоё ки пушаймон нашавад

Ҳасани халқии зи худо май талабами хуии ту ро

То дигар хотири мо аз ту парешон нашавад

Зарраро то набӯд ҳиммати олии ҳофиз

Толиби чашмаи хуршед дурахшон нашавад