ӯст мавло ки зи қайди ғамат озод кунад
ӯст аъло ки харобии ту обод кунад
ӯст султон ба ҳақиқат ки ба дастурии ақл
Мамлакатро тиҳӣ аз зулму пар аз дод кунад
эй ки аз ханҷари хўнризи ту хўнҳости ҳадар
Чун писандӣ ки збидоди ту кас дод кунад
Майли устодии луқмон ва Флотўн накунад
Онкии шогирди ту аз ҳикматаш устод кунад
Гар ҷаҳони гашти хароб аз ситаму зулм чаҳ бок
Ринд ,у сармасту хроботиш обод кунад
Давлати сармаду малик абадат дод худо
Бе хабари тафриқа дар малик худодод кунад
Додгари ғайр худо нест худоро дарёб
Хира онаст ки аз адли худо , дод кунад
Онкии ёдаши нрўдрўзу шаб аз хотири мо
Чаҳ шавадгар , змни сӯхтаи дил ёд кунад
Дили бадунёи мадау ишва ӯ хираи мхр
Ин арӯсӣаст ки хӯн дар дил домод кунад
Сулҳу инсофу мувосоту мўохоти тамом
Чор , рукнаст ки меъмори ту бунёд кунад
« ҳоҷиб » аз ишқ ту хоҳад ҳунару табъи салим
То ки аз ҳасан батон қалби ҷаҳон шод кунад