Шоҳидони кор тмўчин карда анд

Раҳ ба таббати рахна дар чин карда анд

Чину ҷопони таббату тотор , ро

Машк бо роз , зулф парчин карда анд

Кард гулзори изор аз хати сабз

Чашми бад ,ро хуб барчин карда анд

Лодану авду абиру машки бон

Дар миён ҳар арақчин карда анд

Зулфро , дар дасти баҳри сайди дил

Чун каманди рустамӣ чин карда анд

Баҳри қурбонии раҳи машрӯта ро

Дар сафи ушшоқ гулчин карда анд

Дайни фурӯашони даккаи ботил чида анд

Ваҳии ҳақашон ҳукм барчин карда анд

Юсуфони сидқу исмат « ҳоҷбо »

Ҳасанро атфи камар , чин карда анд