Чун муддаӣ аз сар нанаҳй ин ман ва мо ро

Бигузар ту аз ин даъвии беҳудаи худо ро

Гар иззату азлат буду илму қаноат

Аз шоҳӣ олам набӯд фарқи гадо ро

Сардорӣу саркории олами ҳама аз мост

Кас бо сар впо нест ман бесару по ро

Яксон бар дилдор буд шоҳу гадо , зонк

Яксон нигарад шамсу қамарроу само ро

Дилдори ҳамон ҷавҳари фард ,аст ки дар мост

Аз ӯст ман ва мо , ман бо сидқу сафо ро

Зоҳиди з дар майкада бигузар ки ба бўӣӣ

Аз дасти диҳии нихвати дастору ъабо ро

Беҳуда кунӣ лаън ба шайтон ва ндонӣ

Каз ҷаҳли ту нашинохтае нафаси дағо ро

Ин ҳастӣ олами ҳама бемасраф ва савдост

Инсон накунад пеша агар меҳру вафо ро

Чун калаки гуҳари силки бенон ту бабўсад

Мӯсо кунад аз шарми ниҳони дасту Асо ро

Соқӣ макун андешаи з бе Меҳрии даврон

Зўдо , ки зи дили давр , кунӣ ҷавру ҷафо ро

Неи паст буд муҳаррами асрор , на қосид

Муҳаррам натавон хонд ба кӯии ту сабо ро

Зон шамъи ҳидояти зи ҳидоят шуда « ҳоҷиб »

Хомаш накунад бод бидон , шамъи ҳудо ро