Шунидаем ки хӯн кардае ҳадари моро
Шикоят аз ту набардем пеши каси ёро
Миёни доираи оризи ту нуқтаи хол
Намӯда сӯрати маънии ҷамоли зебо ро
Назар ба синаи ойинаи шакл худ ме кун
Аён кун аз рухи худ нури таври сино ро
Ба қоф то нарисӣ қадар қурб нашиносӣ
Муҳаққиқ аст набинӣ ҷамоли анқо ро
Ба Мисри акс рахт рафт Юсуфон гуфтанд
Намӯда насхи аҷаби Юсуфу Зулайхо ро
Бҷстҷўии ту эй гавҳар мурод заданд
Уқули ғӯта чу ғаввоси ҳафт дарё ро
Вале ба хилвати дили ишқашон ҳидоят кард
Ки ёфтанд басии оннигор якто ро
На каъбаи не ЊАЉАРУЛАСВАДаст қиблаи дил
Ҳақиқати ҳамаи сиррӣ буд сдо ро
Ду чашми дорӣ ва аз роҳ чоҳ нашиносӣ
Ки қадар ҳеҷ ндонӣ ту марди доно ро
Масеҳи зинда агар кард олимӣ чаҳ аҷаб
Ту зинда кардае аз як нафаси масеҳо ро
Биор соқӣ аз он роҳу рӯҳи райҳонӣ
Ки марди субҳ сало дод шурби саҳбо ро
Ба ҷон бакӯш ту дар кори сулҳи кул « ҳоҷиб »
Ки карда ҷанг чу дӯзахи биҳишти улё ро