Дӯш дар бардоштами хуршед , моҳ омад гузашт

Моҳро тасвир мекардам ки шоҳ омад гузашт

Ман ҷиҳоду ҷангро тағйир медодам ба сулҳ

Каз ман он тарки сипоҳӣ бо сипоҳ омад гузашт

Пеши теғаши ҷон сипар кардам валек он ҷангҷӯ

Бо камони абрӯу тир нигоҳ омад гузашт

Дида бо дил гуфт рӯзи васл ёр омад падед

Дил ба ҷон мегуфт шоми ҳиҷр оҳ омад гузашт

Дӯши дидори маи нав , муштабаҳ шуд бар ҳама

Ва он ҳилоли абрӯ , ба дафъ иштибоҳ омад гузашт

Ҳар гунаҳи ғайри азҷФоу зулму кин бахшӣданӣ аст

Онкӣ аз як оҳ бахшад сад гуноҳ омад гузашт

Ман паноҳу пушти хўбонм ба маънӣ дар ҷаҳон

То напиндорад касе пушт ва паноҳ омад гузашт

Бо ҳарифи ишқ нар дидам сар бар тофт ақл

Даъвии ҷон бохтан кардам гувоҳ омад гузашт

Рафт субҳи равшани васлу шаби торики ҳиҷр

Он спидондом бо зулф сиёҳ омад гузашт

Юсуфони Мисри маъниро бшир , аз мо бигӯ

Онкӣ бахшад ҷоҳу иззати қаър чоҳ омад гузашт

Дод мазлӯмон бихоҳад « ҳоҷиб » аз золими бҳкм

То бигӯянд аҳли сӯрат додхоҳ омад гузашт