Ҳар ки ҳақ гуфт чу Мансур насибаш дорост

Бар сари дор шудани марди худоро кор аст

Ёр агар май талабӣ аз ғами ағёри манол

Ҳама ёраст ба чашми ту агар ағёр аст

Мастӣ бода надорад асари ҳушёрӣ

эй хуши он маст ки дар мастии худ ҳушёр аст

Носеҳ аз гуфта бе ҳосили худ лаб барбанд

Ту , ба гуфторӣу дарвеши пай кирдор аст

Нест ҷузи сулҳу сафои шӯр дигар дар сармо

Малики мо нестӣу давлати мо дилдор аст

Оҳи моро илму нолаи аламдор , буд

Дарду меҳнати сипаҳу фақр сипаҳсолор аст

эй ки ҷону тани моро ту харидор астӣ

Даккаи мост ки акнӯн басар бозор аст

Мо дам аз сулҳ занем ва ҳама қаҳранд аз мо

Халқро ин чаҳ раҳу расму чисон кирдор аст

Ло маконем ва надорем макони ҷузи дили дӯст

Дӯст донад ки дилаши мأмн ҳар дилдор аст

Хоҳӣ ар марди худоро ту накӯ бишносӣ

Сулҳи мизон буду сидқу сафо меъёр аст

« ҳоҷиб » ар қасд кунад ҷони туро хасм чаҳ бок

Мӯҳтасибро ҳама донанд ки дар бозор аст