Гарчи бар перу ҷавон додани ҷон шоқ омад

Лек ошиқ ба чунин марҳала муштоқ омад

Ту буруни зи анфусу офоқӣ эй нафаси нафис

Кӣ дигар мисли ту дар анфус ва офоқ омад

Заҳр дар дасти ту чун оби ҳаёт абад аст

Зҳрнўшони туро ори з трёқ омад

Аз лаби лаълу даҳон ту шавад ҳавсилаи танг

Тоқат аз тоқи ду абрӯу лабат тоқ омад

Гарчи иғроқи ту баси воҷибу фарз осон шуд

Васфи ҳасани ту санами холӣ аз иғроқ омад

Натавон аз сари кӯии ту ҷафои ҷӯии гузашт

Хӯни ушшоқ ба ҳаддӣаст ки то соқ омад

Ашки хунин чу , шаробасту дили хастаи кабоб

Ризқи ушшоқи ту ингуна з , раззоқ омад

Аҳду мисоқ шикастан набӯд шарти вафо

Ёр бояд ҳамаи ҷо бар сар мисоқ омад

« ҳоҷбо » илму камолу ҳунару фазлу адаб

Ҳар якеро қалами дасти ту мисдоқ омад