Дар ҳақи ту касро сар инкор набошад
Ноҳақ буд он кас ки ба иқрор набошад
Зинҳори зи шамшери забонат ки ба майдон
Кас нест ки пеши ту ба зинҳор набошад
Гар илму амали дорӣу дарвешӣу кирдор
Ҳоҷат ба забони бозӣ ва гуфтор набошад
Дарду ғами ҳиҷри ту ба девор бигӯям
Донам срхр , дар пас девор набошад
Пари шӯъбада ва саҳар шавад арсаи олам
Гар мӯъҷизи он лаъли дрр бор набошад
Булбул чу Зулайхо накунад нолау афғон
То Юсуфи гул бар сар бозор набошад
Мо маст ва харобему тўӣии оқилу ҳушёр
Майхонаи мо қобил ҳушёр набошад
Ҳон дар гиронмояи ишқам ба канор аст
Бозор касодаст ва харидор набошад
Чун исо Мансур задам кӯси аноолҳқ
Дардо ки дар ин дори яке дор набошад
Даҷол баранд хараки ланг ба майдон
Бар асб агар ҳайдар каррор набошад
« ҳоҷиб » ба раҳи мард , диҳад ҷони гиромӣ
Ҷон додани беҳуда сазовор набошад