Дарди сари ҳиҷр аз сари мо , кам шуданӣ нест

Онгуна ки васли ту , фароҳам шуданӣ нест

Дил бе ту бадунё натавон баст ва , набандем

Бунёди сари об ки муҳкам шуданӣ нест

Ҷодоштгар аз дидаи дилами дӯши кумаки хост

Беоб , гулистони хушу хуррам шуданӣ нест

Чун умр равад боз нагардад дигар эй дил

Онсон ки сифри моҳи муҳаррам шуданӣ нест

Хам кун сари тоъат ба ҷавонӣ , ки дар ин боғ

Нахлӣ ки куҳани гашт , дигар хам шуданӣ нест

Бо ёри муҳаббат шудану пайравии ғайр

Ин равған ва обӣаст ки дар ҳам шуданӣ нест

Як рангӣу мардонагӣу касби фазойил

Айшии сет ки табдил ба мотам шуданӣ нест

Бо мункири ишқ аз сифати ҳасан чаҳ гўӣӣ ?

Ҳайвони забони баста ки одам шуданӣ нест

Рӯят натавон кард муҷассами бабри чашм

Ҷон дар бар анзори муҷассам шуданӣ нест

Беҳуда чаро ҳар ки занад лофи таҷарруд ?

Ҳар бе падарии исои Марям шуданӣ нест

То фикри парешон буд аз баҳри ту ( собир )

Малики сухани имрӯзи муназзам шуданӣ нест