Аз бас ки офарӣдаи гулатро худои малеҳ
По то ба сари малеҳӣу сар то ба пои малеҳ
Чашму лабу даҳону биногвашу ғабғабат
Ҳар як ба шевае хуш ва ҳар як ба ҷои малеҳ
Сабқати гирифта гарчи ба хати холи дилкашат
Бози ин ҷудои малеҳ буд , он ҷудои малеҳ
Умрам ба сайру таҷриба бар интиҳо расед
Кас чун туро надидаам аз ибтидои малеҳ
Шарму ҳаё , туро ба малоҳат фузуда аст
Хуш онкӣ шуд зи давлати шарму ҳаёи малеҳ
То андалеб нағма сарояд зи ишқи гул
Бошад биёад рӯй ту , гуфтори мо малеҳ
( собир ) чу ғунчаи шӯи мутабассим , чу гул маханд
Зеро ки нест хандаи дандони намои малеҳ