Ба қасдами зи абрӯу мижгони бутии тир ва камон дорад

Ту гўӣии ним ҷонӣ бар ман бедил гумон дорад

Ббзми ғайр ҷо бигрифтау ғофил аз ин маънӣ

Ки чун не аз фироқаши банди банди ман фиғон дорад

Гила аз оҳи оташбори дил эй сина камтар кун

Магар нашунидае охири танури гарм , нон дорад ?

зи таъни душманон кӣ ранҷа мегардад дилам , оре

Ки нахли борвар , завқӣ ба санг кӯдакон дорад

Аннани ақли саркашро ба дасти ишқи даҳ эй дил

Ки уштур , маст чун гардад , маҳораш сорибон дорад

зи худ ғифлат макун , аз шари нафас эмин мабош аидл

Ки ин хокистар , оташ дар даруни дил ниҳон дорад

Бигир имрӯзи дасти нотавонӣ дар тавоноӣ

Ки дар паии навбаҳори умр , осеб хазон дорад

Мапурс аз оқилони аҳвол ( собир )ро агар хоҳӣ

Хабар аз ҳоли зораши мурғи давр аз ошён дорад