Чун ҳамдами ағёр мунофиқ натавон буд

Давр аз бар ёрон мувофиқ натавон буд

з наҳор зи дидори бад андеш бипарҳез

Зеро ки бар ин манзара шойиқ натавон буд

Ҷуз бар рухи маъшӯқ ки ойӣна ишқ аст

Дили шефтау моил ошиқ натавон буд

Бо сирати бад , фоида ӣ сӯрат хуш чист ?

Монанди гули сурх шақоӣқ натавон буд

Узрои равишӣ то набарди дайну дил аз кас

Огаҳи хабар аз ҳолат Вомиқ натавон буд

Аз сидқу сафои ҳеҷ накӯтар амалӣ нест

Ҳар чанд замонӣаст ки содиқ натавон буд

Бар халқи худои зулм раво менатавон дошт

Ҳам маслаки як силсила сориқ натавон буд

Ононкаҳи басари манзили мақсӯди расиданд

Гуфтанд ки пои баст алойиқ натавон буд

Аз ( собир ) длхстаҳ бгўӣид биорон

Сомит биншинед ки нотиқ натавон буд