Ошиқи содиқ эй ҷавон , банд ҳавас наме шавад
Тоири қудси ошён , сайд магас наме шавад
Чанд асири ин ва он ? дил ба яке даҳ эй ҷавон !
Чун ҳамаи кас дар ин ҷаҳони баҳри ту кас наме шавад
Дошт касе ки ъотФт , нест аниси бдсФт
Гавҳари баҳри маърифат , ҳамсар хас наме шавад
Таии тариқи раҳравон , нест ба нолау фиғон
Раҳбари аҳли корвон , бонг ҷарас наме шавад
Пайрави нафас агар шӯй , хасм ту мешавад қавӣ
Дузд , рафиқи маънавии баҳр асас наме шавад
Булҳавасӣу булҳавас , ҳаст чу тоиру қафас
Хоҳӣ агар зании нафас , кунҷ қафас наме шавад
Ақли заъифу нотавон , нест чу ишқи кордон
На хари лангро ки он ҳамчу фарс наме шавад
Чун ман ( собир ) эй санам , бо ту касе ки зад қадам
Кист ки ҳамчуи субҳдам , тоза нафас наме шавад