зи хок то ки гулу зимрон баромада анд

Ба ёд рӯй ту дар гулистон баромада анд

Ба коми ғунчау гули заъфарон ки рехтааст ?

Ки дар табассум аз он заъфарон баромада анд

Кадоми сангдилиро ҳавоӣ гулчин аст

Ки булбулони чаман дар фиғон баромадаанд ?

Ҳамеша сайри такомули насиби гул ҳоӣ аст

Ки таҳти тарбияти боғбон баромада анд

Ки май чамад ба чаман каз навиди пайки насим

Шукуфаҳо ба раҳаш гул фишон баромада анд

Нишонаҳост ки хору гулу гиёҳи чаман

зи хок дар талаби паии нишон баромада анд

( Фурот ) ва ( партав ) ва ( мафтӯн ) ва ( ранҷӣ ) ва ( собир )

Дар ин муомилаи хуши зи имтиҳон баромада анд