Ҳар замони ёд аз шиканҷи зулф ҷонон ме кунам
Вақти худро сарфи афкор парешон ме кунам
Дили маро чун сайди пайкони хӯрда дар хӯн ме тапад
Ҳар замони ёдӣ аз он баргашта мижгон ме кунам
Меҳр агар даъвӣ кунад каз моҳи рӯйиш беҳтар аст
Як шаб ӯро рӯбаҳи рӯ бо моҳ тобон ме кунам
Олами сар дар гиребонии марои хуш олимӣ аст
Бесабаб набӯд агар сар дар гиребон ме кунам
То ки бар ойӣнаи дил ҳо физойам равшанӣ
Меҳри ойинам , назар бар халқ яксон ме кунам
Гар насиб ман шавад чун гули лаби пурханда Эй
Хандаҳо бар ҳарзаи гардиҳои даврон ме кунам
Шеър илҳомӣаст ( собир ) ҳосил андеша нест
Варна ман андеша беш аз ҳад имкон ме кунам