Дар ин замона нахоҳам шуд ошноӣ касе

Чаро ки ранг надорад барам ҳиноӣ касе

Дар он диёр , ки каси таб барои кас накунад

Дигар чигуна тавон мард аз барои касе ?

Кунун ки нест вафо дар ниҳоди навъи башар

Мабош мунтазири ваъдаи вафоӣ касе

?герат ҳавост ки чинии гулии зи боғи мурод

Ризо машав ки равад хори ғам ба пой касе

Аз ин сипас натавон гуфт ( собирам ) , собир

Касе буд , ки наменолад аз ҷафоӣ касе