Дишаб , маи ман ! анҷумани орой ки будӣ ?

Халқӣ ба ту маҷнӯн ва , ту Лайлоӣ ки будӣ ?

Бар домани васлат , маи ман ! даст ки овехт ?

Дар гулшани ъушрат , гули раъноӣ ки будӣ ?

Ҳангоми табассум ба даҳони ту , ки паии барад ?

зи он лаъли лабати ҳали муаммоӣ ки будӣ ?

Хўно ба фишон аз бен мижгон ки гаштӣ ?

Бо лашгари ҳасан аз паии яғмоӣ ки будӣ ?

Сармаст , киро сохтӣ аз бодаи ишқат

Чун нашъаи ту дар соғари саҳбоӣ ки будӣ ?

Лавҳи дили ман , сӯрат ғайриӣ напазируфт

эй офати дил ! шоҳиди маъноӣ ки будӣ ?

Бо дидаи худ бар рухи хешати назарӣ буд

Дар мардумаки дидаи биноӣ ки будӣ ?

Огаҳ чу табиб аз дили бемор ки гаштӣ ?

Дар таслияти хотири шайдоӣ ки будӣ ?

Ман ашк фишон будамат аз ғам , ту нагуфтӣ

зи он зулфи дўтои силсилаи пой ки будӣ ?

( собир ) ! буд имрӯзи дилати хурраму равшан

Дӯши оинаи дори рухи зебоӣ ки будӣ ?