Май гулранг дӯст ме дорам

Нолаи чанг дӯст ме дорам

То бидидам фиреби наргиси ту

Саҳару найранг дӯст ме дорам

Аз ҳавои баҳори чеҳраи ту

Нақши Аржанг дӯст ме дорам

Шод ва хўшдл шудам чу фармудӣ

Ки дили танг дӯст ме дорам

То даройӣ ба оштӣ ба барам

Ҳар замони ҷанг дӯст ме дорам

То дилати меҳри меҳр ман гирад

Нақш бар санг дӯст ме дорам

Гуфта будӣ ки неки ман нанг аст

Ман худ ин нанг дӯст ме дорам

Неки донистае зи ғайб ки ман

Шоҳиди шнг дӯст ме дорам

То лабу сабза хатат дидам

Қанд дар танг дӯст ме дорам