эй бахт бидиҳ мужда ки бархест ба якбор
Аз гавҳари шамшери худовандии зангор
эй халқ бинозед ки бор дигар омад
Фархундаи ниҳоли чамани давлати пурбор
Дилшод бихандед ки аз матлаъи умед
Бинмуд ҳилоли фалаки шоҳии дидор
Шукр аз ту худоё ки аз ин ҷони муборак
Шуд мардумаки чашми ҷҳондории бедор
Ороми дилу равшании чашми шаҳаншоҳ
Хусрави шаҳи фархунда ки бодоши фалаки ёр
Аз ранҷ бурун омад алмнаҳи ллаҳ
Чунон ки дар аз обу зар аз кону гул аз хор
Осӯда шуд он ҷон ки тани нозуки покаш
Аз сояи барги гул тар гирад озор
Наргис чу саман гуфт ки эй дидаи сиҳҳат
Бемории ту ман кашам аз дидаи бедор
Айём бирав хонд ки эй ҷони гиромӣ
Бе аз ту мабодоами ҳаёти андак ва бисёр
Шоҳои зи гули боғи ҷалоли ту ки бушковат
Шуд гулшани нилӯфарӣ аз атр чу гулзор
Аз Ямани ризои ту шифо ёфт ва гарна
Исо ба замин омадӣ аз чарх дигар бор
Аз баҳри шифои тан ӯ савру ҳамл ро
Ҳам номи ту хӯн кардӣ аз ханҷари хӯни хор
Бар пӯсти сабзи фалак аз калаки Уторид
Тъўиз навиштӣ пай ӯ гунбади даввор
Худро чу сапанд аз ҷиҳати дафъи газандаш
Бар миҷмар хуршед задӣ кавкаби сайёр
Ёрб чаҳ кам ояд зи худовандӣу ҷоҳаш
Каз бандаи худ ёд кунад шоҳи ҷаҳондор
Пурсад ки марои чокар кӣ буд шукр бош
Гуяд ки марои банди гкӣ буд гуҳарбор
Худ раҳ дар соя мабар зонка равон нест ?
То зот чу хуршеди ту бозам бидиҳад бор
Онро ки ҳамеи барадӣ аз хок бар афлок
Чун абри миёни раҳ раҳмат кун ва магузор
Бе сӯрати маймуни ту он дил ки сабк шуд
Аз равшании дида кунун ҳаст гронбор