Миннати худоиро ки бо иқболи подшоҳ
Эмин шуд аз муҳоқу кусуфи офтобу моҳ
Миннати худоиро ки шкФт ва чамед боз
Ҳам гулбуни саодат ва ҳам сарви боргоҳ
Миннати худоиро ки замона гирифт боз
Он офтоби мамлакату сояи илоҳ
Миннати худоиро ки ба сунъ латиф дошт
Рӯй накӯй мунтахаб аз чашми бади нигоҳ
Баси чашми шӯр ва рӯй турш буд мунтазир
То чашмашон сифед шуду рӯишони сиёҳ
Борӣ бар авҷ моҳ набинад касе сҳо
Борӣ ба ҷой сарв набинад касе гиёҳ
Тоҷи хавос бар срдўлт расед боз
То ҳар фузул каҷ наниҳад гӯшаи кулоҳ
Ойӣнае ки акс бузургӣ намӯд гашт
Равшани чунонкӣ тира нагардад ба ҳеҷ оҳ
Акнӯн чаҳ меҳнатаст биё эй вале бигӯ
Ҳоло чаҳ ҳоҷатаст биё эй аду ба хоҳ
Бозандаи гашт ва мавҷ заду қасд авҷ кард
Абри сахоу баҳри атоу сипеҳри ҷоҳ
Хуршеди мамлакати ҳасани Аҳмади онкии сохт
Дар сояи саодат ӯ малику дайни паноҳ
эй онкӣ чун фириштаи буи бегуноҳу пок
Табро чигуна хонам куффорати гуноҳ
Бар теғ обдор занад занги вақти вақт
Дар пеш офтоб равад сояи гоҳи гоҳ
Боз омадӣ чу бози сифед аз гурези ҷой
Боз омадӣ чу шери сияҳ дар шикоргоҳ
Ҷаври фалак бурун бирав адли малик дар ор
Ҷон вале фузун куну ҷон аду бакоҳ
Ман бандаро ки ҳаст з ҳар илми ҳосилӣ
Раҳбари тўӣӣ раҳо макун андари миёни роҳ
Ҷузи тарбият чаҳ бояд гул дар миёни хор
Ҷузи тсФит чаҳ бинад зар дар миёни коҳ