эй бодаи зи хӯни ман ба ҷомат

Ин май ба қадаҳ буд мудомат

Хӯнам чу май ар кашии ҳалолат

Май бе ман агар хурии ҳаромат

Мурғони ҳарам дар ошён ҳо

Дар орзӯии шиканҷи домат

Болои баланди хуши хиромон

Афтодаи шеваи хиромат

Моҳи фалакаши з чашм афтод

Дид онкӣ чу ма ба тарафи бомат

Нолам ки барад бар ту номам

Он кас ки з ман шунид науммат

Ҳар кас ба ғуломӣ ту нозад

Ҳотиф ба ғуломии ғуломат