Дар пеши бедилони ҷон , қадре чунон надорад
Оре касе ки дил дод пурвой ҷон надорад
Пурсӣ зи ман ки дорад ? зон бе нишони нишоне
Ҳар каси азу нишоне дорад нишон надорад
Як ҷӯ вафо надидам аз рӯй хуби ҳаргиз
Дидам тамом ҳар кас ин дорад он надорад
Бар ман на аз тараҳҳум кам карда ёри бедод
Тоби ҷафои азин беш дар ман гумон надорад
Ҳотифи ғуломӣ ту хоҳад бихар ба ҳеҷаш
Ин кор агар надорад судӣ , зиён надорад