Доғи ишқи ту ниҳон дар дил ва ҷон хоҳад монад

Дар дили ин оташи ҷонсӯз ниҳон хоҳад монад

Охири он оҳӯии чин аз назарам хоҳад рафт

Вази пеши дида ба ҳасрат нигарон хоҳад монад

Ман ҷавон аз ғами он тоза ҷавон хоҳам мард

Дар дилами ҳасрати он тоза ҷавон хоҳад монад

Ба вафои ту , ман длшдаҳ ҷон хоҳам дод

Бевафое ба ту эй мӯнис ҷон хоҳад монад

Ҳотиф аз ҷаври ту инак з ҷаҳон хоҳад рафт

Қиссаи ҷаври ту бо ӯ ба ҷаҳон хоҳад монад