Ба раҳ ӯ чаҳ ғами онро ки з ҷон ме гузарад
Ки зи ҷон дар раҳи он ҷон ҷаҳон ме гузарад
Аз муқӣми ҳарам каъба набошад камтар
Онкӣ гоҳе з дар дайр Муғон ме гузарад
На зи ҳиҷрони ту ғамгин на зи васлати шодам
Ки баду неки ҷаҳон гузарон ме гузарад
Дили бечора аз он бихбраст ар гоҳе
Шиква аз ҷаври ту моро ба забон ме гузарад
Оҳи перон куҳан мегузарад аз афлок
Ҳар куҷои ҷилваи он тоза ҷавон ме гузарад
Чун нанолам ки марои гиря кунон ме бинад
Ба раҳи хешу зи ман ханда занон ме гузарад