Гувоҳӣ диҳад чеҳраи зарди ман

Ки дардӣ буд бе давои дарди ман

Шудам хок агар аз ҷафояш мабод

Нишинад ба домон ӯ гирди ман

Ба гулзори ман эй сабо чун рисӣ

Бигӯ бо гули нози пурвирди ман

Кигар як назар рӯй ман бенгарӣ

Тараҳҳум кунӣ бар рухи зарди ман

Вагар як нафаси оҳ ман бишинавӣ

Ҷигари сўздт аз дами сарди ман