Чу не ноладам устихон аз ҷудоӣ
Фиғон аз ҷудои фиғон аз ҷудоӣ
Қафас ба буд булбулиро ки нолад
Шабу рӯз дар ошён аз ҷудоӣ
Диҳад ёд аз неки бинӣ ба гулшан
Баҳор аз висолу хазон аз ҷудоӣ
Чисон ман нанолам зи ҳиҷрон ки нолад
Замин аз фироқ , осмон аз ҷудоӣ
Ба ҳар шохи ин боғ мурғӣ сарояд
Ба лаҳнӣ дигар достон аз ҷудоӣ
Чу шамъам ба ҷон оташ уфтад ба базмӣ
Ки ояд сухан дар миён аз ҷудоӣ
Кашад ончии хошок аз барқи сӯзон
Кашидааст ҳотифи ҳамон аз ҷудоӣ